Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода рӯзи 31-уми октябри соли равон ҳайати Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо сарварии ҷаноби Малте Маас-Мутахассис оид ба тағйири иқлим ва Бранко Венерт – Мушовир оид ба рушди лоиҳаҳо дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолиро ба ҳузур пазируфт.
Аз ҷониби БОР “Баланд бардоштани системаи реактивии ҳифзи иҷтимоӣ ба хатарҳои иқлимӣ ва коҳиши хатари офатҳо” рӯнамоӣ шуд.
Ҳадафи мулоқоти имрӯз барарсии таҳкими ҳамкориҳои минбаъда миёни БОР ва КҲФ дар татбиқи тарҳҳои оянда дар самти идораи хатари офатҳои табиӣ ба ҳудуди кишвари мо буд.
Дар ҷараёни мулоқот Раиси КҲФ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти КҲФ, воҳидҳои сохтории он ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.
Ҳамчунин, раиси КҲФ дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи соли ҷорӣ дар кишвар, дастгирии ҳукумат ва расонидани ёрии саривақтӣ нақл кард.
Инчунин, сардори идораи наҷоти кишвар оид ба минтақаҳои осебпазири Тоҷикистон, дар бораи корҳои наҷомшуда дар ин манотиқ ҷиҳати пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ, роҳандозии корҳои наҷот, системаҳои огоҳкунии пешакӣ ва системаҳои иттилоотӣ маълумот дод.
Ҷаноби Маас ва ҷаноби Венерт аз пазироии гарм изҳори сипос намуданд ва қайд карданд, ки танҳо тавассути ҳамкории зич мо метавонем ба татбиқи самараноки лоиҳа ба нафъи мардуми тоҷик ноил шавем.
Дар поёни мулоқот дар атрофи мавзуъҳои баррасишуда миёни ҷонибҳои табодули афкор сурат гирифт.