Барқияи изҳори тасаллии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қасим-Жомарт Кемелевич,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.

Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам ба Шумо, мардуми бародари Қазоқистон ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву ҳамдардии самимии инҷониб, инчунин таманниёти ҳарчи зудтар шифо ёфтани осебдидагонро изҳор менамоям».

 

Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ

Акс аз ХОВАР

барчасп: