Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2023 ва бо мақсади тарғиби арзишҳои миллию маънавӣ, тарбияи ватандӯстӣ роҳбарияти Сарраёсати Қӯшунҳо, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, инчунин Шӯрои бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву сӯҳбатҳо бо наваскарони даъвати тирамоҳии қисми ҳарбии Кумита воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор кард.
Дар вохӯриҳо намояндагони ҲХДТ ва хонандагони мактабҳои миёна низ ширкат доштанд.
Дар доираи чорабинӣ бо мақсади мутобиқ намудани даъватшавандагон ба хидмати ҳақиқии ҳарбӣ ба шароити хизмат, нигоҳ доштани солимии равонӣ ва пешниҳоди тавсияҳои зарурӣ суҳбатҳо гузаронида шуданд. Гурухи корй бо шароити хидмат шинос шуда, ошхонаро аз назар гузаронд, бо ҳамроҳии даъватшавандагон лаззати таомҳоро санҷид.
Дар суҳбат бо наваскарон ҳайати корӣ дар бораи тарбияи ватандӯстӣ, муҳаббат ба ватану миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва зарарҳои он, ҳадафҳои ососии ин гуна гурӯҳҳо ва ҳушёрии сиёсии сарбозону афсарон нақл намуд.
Дар поёни мулоқот миёни сарбозону афсарон ва ҳайат табодули афкор сурат гирифт.