Ду садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Варзоб. Талафоти ҷонӣ нест, ронандагони маҷруҳ ба бемористон интиқол ёфтанд
Чоп шуд: 09/12/2022 | redaktorШаби 8-уми декабр, соати 02:20 дар километри 67 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб як мошини тамғаи «Volkswagen» ба мошини «Mercedes-Benz Sprinter», ки канори роҳ қарор дошт, бархӯрд. Дар натиҷаи ин бархӯрди шадид мошини «Mercedes-Benz Sprinter» ба ҷарии 800 метр сарозер шуд.
Хушбахтона, ҳангоми садама дар дохили мошини «Mercedes-Benz Sprinter», касе нанишаста буд.