14 октябри соли 2023 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе, Хазинаи Кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), бо дастгирии молиявии Намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии ИМА (ЮСАИД) дар доираи Барномаи «Тақвияти зарфиятҳои маҳаллӣ ва миллӣ барои омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки хатари заминларза ва офатҳои табиӣ зиёд аст» озмуни эҷоди кӯдакон – беҳтарин тасвир гузаронида шуд.
Дар ин озмун, ки дар боғи ба номи Алишери Навоии пойтахт баргузор гардид, наздик ба 100 нафар кӯдакону наврасони аз 8 то 16-сола иштирок карданд.
Бачаҳо дар расмҳои худ аз кору пайкори ҳамарӯзаи наҷотдиҳандагон ҳикоят карданд. Онҳо аз сӯхтор расм кашиданд ва нишон доданд, ки азамати хатари оташ то куҷо хатарнок аст.
Онҳо дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳам расм кашиданд ва ба ҳамсолони худ нишон доданд, ки дар ин ё он ҳодисаи фавқулода ва ё офати табиӣ чӣ бояд кунанд, то ҷонашон аз хатар наҷот ёбад.
Ба назар мерасид бачаҳо аз ин гуна рӯйдодҳо огоҳии комил доранд ва мизони хатарро ҳам ба хубӣ дарк мекуннад.
Дар назди ширкаткунандагон Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, генерал-майор Ҷамшед Камолзода ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Артур Ван Дизен суханронӣ карданд.
Онҳо таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо тарғиби фарҳанги ҳаёти бехатар дар байни насли наврас, ба таваҷҷуҳи ҷомеаи васеъ расонидани аҳамияти вазифаи пешгирӣ ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ дар байни аҳолӣ мебошад.
Ҳайати ҳакамон аз ҷумлаи кормандони Иттиҳоди рассомон ва созмонҳои байналмилалӣ зикр намуданд, ки ҳамаи он чизе, ки бачаҳо ба тасвир кашиданд, диданиву зебо буд ва ба назар мерасад ҳар кадоме аз он дар ин як порча коғаз на танҳо дарку биниши худ аз ҳодисаҳои фавқулодаро тасвир кардаанд, балки порае аз қалби кӯчаки худро, ки дар ин рӯйдодҳо метапад, нишон гузоштаанд.
Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва ба ҳамаи иштироккунандагон сипосномаи КҲФтақдим гардид.