Муҳтарам корбарони сомона, дӯстони азиз!

Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шарикони байналмилалӣ оид ба рушд шуморо бо фарорасии соли 2023 муборакбод мегӯянд!

Бигзор Соли нав барои шумо бехатартарин сол бошад!

Туҳфаҳои солинавии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ятимон дар ноҳияи Шуғнон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки бо супориши Раиси Кумита генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 16-нафар ятими кулли ноҳияи Шуғнон туҳфаҳои  солинавӣ ва маблағи пулӣ расонда шуд.

Ҷамъомади таълимӣ – методии якрўза дар Раёсати Хатлон

Рӯзи 29-уми декабри соли равон Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  ҷамъомади таълимӣ – методии якрўза бо сардорони Ситодҳои мудофиаи граждании хадамотҳо, ташкилоту муассисаҳо, иншоотҳои иқтисодӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии вилояти Хатлон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузаронид.

Баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти сол дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷаи фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Ҷаласаи ҷамъбастӣ дирӯз бо ширкати ҷонишини Раиси Кумита, генерал-майор Сулаймон Исозода багузор шуд.

Дар ҷаласа ҳисоботи солонаи Раёсат ва ҳисоботи масъулини бахшҳои Раёсат дар ноҳияҳои  Сино, И.Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур шунида шуд.

Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши чорум

Камароб

Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Страницы