Маркази заминларзаи дирӯз ВМКБ буд

зилзила

13 ноябри соли 2023 соати 17:16 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Бино ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маркази ин зилзила 312 километр шарқи шаҳри Душанбе, 122 километр шимолу шарқи шаҳри Хоруғ дар ҳудуди ВМКБ буд.

Ин манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3 балл буд.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

барчасп: