Сабти ду ҳодисаи заминларза дар Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ чанд соат

Бино ба маълумони Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи 13 ноябри соли равон соати 00:54 дақиқаи вақти маҳалллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон  заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази ин заминҷунбӣ 215 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 15 километр шимолу шарқи ноҳияи Тоҷикобод буд.

Ин манбаъ хабар дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар ноҳияи Тоҷикобод 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар нест.

Ҳамчунин ҳамин рӯз, 13 ноябри соли 2023 соати 08:34 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд.

Боз ҳам бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази он 20 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 17 километрии шимолу шарқи ноҳияи Варзоб дар қаламрави ноҳияи Варзоб буд.

Манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷониву хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: