Дар Қазоқистон Форуми навбатии минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба поён расид

Тавре қаблан хабар дода будем, 10 ноябри соли 2023 дар шаҳри Алмаато Форуми навбатии минтақавӣ – Ҷаласаи роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода иштирок намуд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ҳайатҳо таҳти сарварии роҳбарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони ниҳодҳои СММ, маблағгузорон, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ ширкат варзиданд.

Баргузории нишасти навбатӣ барои муколамаи созанда, табодули иттилоот ва таҷриба, баррасии вазъи минтақа ва муайян кардани мушкилоти асосӣ дар давраи афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои зуд-зуд рух ҳавои номусоид ва таъсири он ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҳамаи мамлакатҳо, инчунин ба ҳаёт ва некуаҳволии аҳолй хавфи чиддй дорад, имкони хубе фароҳам овард.

Дар суханронии худ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рустам Назарзода ба таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Вай гуфт: «Коршиносони Созмони Ҷаҳонии ҳавошиносӣ қайд мекунанд, ки гармшавии ғайримуқаррарии ҳарорати ҳаво дар Осиё аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ баландтар аст. Оқибатҳои манфии ин раванд, аз қабили хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва сӯхтор дар манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, падидаҳои хеле нигаронкунанда буда, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёд мешаванд. Боварӣ дорам, ки Анҷумани мо платформае хоҳад шуд, ки ба кишварҳои мо имкон медиҳад, то ба ҳадафҳои ҷаҳонии чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ноил шаванд».

Дар рафти чорабинӣ ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Илова бар ин, масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар доираи татбиқи Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай дар кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Масъалаи таъмини дастрасии аҳолӣ ба системаҳои огоҳкунии пешакӣ дар бораи офатҳои гуногун махсусан муҳим гардид. Сарони вазоратҳои ҳолатҳои фавқулода ин масъаларо баррасӣ намуда, Муроҷиатнома ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро оид ба масъалаи таъсиси системаи минтақавии огоҳсозии бармаҳал ва иттилооти мутақобила дар бораи таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи фаромарзӣ имзо карданд.

Пас аз ҷамъбасти Форуми минтақавӣ – Ҷаласаи сарони вазорату идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Муроҷиати роҳбарони Идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Дабири кулли СММ оид ба масъалаи таъсиси низоми минтақавии огоҳсозии бармаҳал ва иттилооти мутақобила дар бораи таҳдид ва рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи фаромарзӣ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд, инчунин Ташаббус оид ба таъсиси Атласи рақамии хатарҳои фаромарзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мисоли платформаи таҳияшавандаи «Бехатарии рақамӣ» дар мисоли Атласи рақамии хатарҳо дар Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ ва тасдиқ гардид. 

Дар ҳошияи форум мулоқотҳои дуҷониба байни Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ва роҳбари дафтари  минтақавии лоиҳаи минтақавии GIZ «Идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ» ҷаноби Сергей Макаров,   сарвари  Намояндагии минтақавии Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Осиёи Марказӣ хонум Севал Гузелкилинч, роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Наталя Алонсо Кано ва мушовири минтақавии техникӣ оид ба иқлим ва офатҳои табиии Маркази Барномаи озуқавории СММ дар Истамбул ҷаноби  Станислав Ким баргузор гардид.

Дар ҳамаи ин вохӯриҳо оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, инчунин гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили малака ва таҷрибаи кормандони КҲФ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

барчасп: