Наҷотдиҳандагони КҲФ дар рафъи оқибатҳои ихроҷи гази моеъ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ширкат карданд

15 ноябри соли 2023 соати 14:44 даққиаи вақти маҳаллӣ дар километри 27,5 роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз ҳудуди мавзеъи Мурутак мегузарад, аз систернаи мошини сӯхтбари тамғаи “Волво”, ки 20 тонна гази моеъ интиқол медод, бо сабабҳои техникӣ ихроҷи газ мушоҳида шуд. Ин мошин аз самти Хуҷанд ба Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд.

Бо  мақсади эҳтиёт аз эҳтимоли таркиши мошин бар асари ихроҷи газ роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз ду ҷониб муваққатан баста шуд.

Барои бартараф кардани хатар ба ҷойи ҳодиса ба таври оҷил дастаи махсуси хадамоти ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Варзоб эъзом шуд. 

Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ бо ёрии техникаи махсус гази моеъ аз ин мошин ба мошини дигар интиқол дода шуд. Соати 18:50 дақиқа хатар бартараф карда шуд ва аз таркиши эҳтимолии мошини сӯхтабар ва харобиҳои эҳтимолӣ дар роҳ пешгирӣ гардид. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтиром аз кулли ронандагон хоҳиш мекунад қабл аз сафар мошинҳои худро санҷанд ва нуқсҳои техникии онро бартараф созанд. 

барчасп: