Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 муддати се рӯз дар қаламрави ноҳияи Лахш машқҳои фармондеҳӣ ва маҷмуиии мудофиаи гражданӣ бо мақомоти идорӣ ва қувва ва воситаҳои ноҳия таҳти унвони «Амали ҳайати роҳбарикунанда аз давраи осоишта ба давраи чанг гузаштан» баргузор шуд.
Барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда гурӯҳи кории КҲФ таъсис дода шуд. Дар тамрин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, комиссияи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсия, комиссия оид ба беҳтар намудани фаъолияти устувори корхонаҳои саноатӣ ва иншооти хоҷагӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг, ташкилоту муассисаҳое, ки тадбирҳои мудофиаи гражданиро таъмин менамоянд, ва қувваҳои мусаллаҳ ҷалб карда шуданд.
Машқҳо дар се марҳила сурат гирифтанд, ки дар он масъалаҳои ба реҷаи баландтари кор даровардани мақомоти идории қувва ва воситаҳои хадамоти мудофиаи граждании шаҳр, қабули қарорҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ, гузарондани тадбирҳои эвакуация дар шароити ҷанг кор карда баромада шуданд.
Ҳайати роҳбарии шаҳр дар шахси раиси – сардори мудофиаи граждании ноҳия Холзода Каромиддин Камолиддин, ҳайрати роҳбарии мудофиаи граждании ноҳия, иншоот ва ташкилотҳои дар машқ иштирокдошта дар ташкили чорабиниҳо оид ба интиқоли мудофиаи гражданин вилоят аз давраи осоишта то давраи ҷанг фаъолона иштирок карданд.
Инчунин, дар доираи машқҳо бо иштироки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба гузаронидани омӯзиш барои нерӯҳои ноҳия оид ба рафъи садамаҳо ва ҳалли масъалаҳои қисман эвакуатсияи фаврии аҳолӣ аз минтақаи офат як силсила дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Гурӯҳи кории КҲФ ҳамчунин барои пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолӣ бар асари омадани селҳо бо ҷалби сокинон корҳои соҳилбандӣ ва тоза кардани ҷӯву заҳбурҳо ва соҳили рӯдхонаҳоро роҳандозӣ намуд.