Мулоқот бо наваскарони даъвати тирамоҳӣ

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инчунин муаррифии дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ бо даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

 Гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарони Раёсатҳои Қӯшунҳо, кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, тиббӣ ва Шӯрои занони Кумита бо шароити хидмат ва зиндагии наваскарон аз наздик шинос шуданд.  

Дар суҳбат зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ, хубтар кардани вазъи моддию техникӣ ва минбаъд беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ мекунад.

Сардори Сарраёсати Қӯшунҳо полковник Ҷалолзода А., дар баромади худ таъкид намуд, ки хидмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавон буда, хидмат ба меҳан шараф аст. Вай таъкид кард, ки феълан дар тамоми қисмҳои низомии Кумита тамоми шароити зарурӣ барои адои хидмати ҳарбӣ омода шудааст.

 Дар вохӯрӣ аз наваскарон даъват шуд, ки интизоми ҳарбӣ ва талаботи Оинномаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро риоя намуда, дар роҳи ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳамеша омода бошанд.

Чунин мулоқоту сӯҳбатҳо дар дигар бахшҳои КҲФ, воқеъ дар вилоятҳои Суғду Хатлон низ баргузор мешаванд.

барчасп: