Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Ҳавои гарм то охири моҳ боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба  маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки то охири моҳи июли соли равон дар қаламрави мамлакат ҳавои гарму бебориш боқӣ мемонад. Дамои ҳаво дар ин рӯзҳо дар водиҳо ба +40+45, минтақаҳои ҷануби кишвар то ба +47 дараҷа мерасад.

Хабарҳои рӯзи гузашта. Ронанда ва се мусофири “Мерседес Бенс”-и сарнагушуда дар Фондарё то ҳол пайдо нашудаанд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади як духтари 12-сола, сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Ин ноболиғ рӯзи 20-уми июли соли равон аз беэҳтиётӣ дар канали деҳа афтода ғарқ шуда буд.

Роҳандозии барномаи таблиғотии “Тобистони бехатар дар об” (ВИДЕО)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи будубоши бехатари бачаҳо рӯзҳои таътили тобистона дар соҳили рӯдхонаву кӯлу баҳрҳо диққати махсус медиҳад. Кормандони КҲФ дар ин рӯзҳо дар назди махзанҳои об чорабиниҳои зиёди ташфиқотиву тарғиботӣ мегузаронанд ва ҳадаф аз он пешгирӣ аз марги бачаҳо дар махзанҳои об мебошад.

Гармои шадид дар Аврупо, обхезиву селҳо дар Осиё ва хушксолӣ дар Африқо

Мавҷи гармо ва сӯхтори ҷангал дар Аврупо хабарсозтарин рӯйдоди рӯзҳои ахир буд. Бахусус оташсӯзии ҷангал ва маргумир аз ин ҳодисаҳо дар сархати хабарҳои расонаҳои машҳури олам қарор гирифтааст.  Мо дар бораи дамои бесобиқа дар Испания, Португалия, Юнон, Британияи Кабир ппештар матлабе интишор дода будем.

Аммо Аврупо ягона қорае нест, ки аз ҳарорати баланди ҳаво бешаҳояш оташ гиранд.

Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

20 июли соли 2022 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 кормандони КҲФ дар Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машкхои мудофиаи гражданй ташкил ва гузаронданд.

Страницы