Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи будубоши бехатари бачаҳо рӯзҳои таътили тобистона дар соҳили рӯдхонаву кӯлу баҳрҳо диққати махсус медиҳад. Кормандони КҲФ дар ин рӯзҳо дар назди махзанҳои об чорабиниҳои зиёди ташфиқотиву тарғиботӣ мегузаронанд ва ҳадаф аз он пешгирӣ аз марги бачаҳо дар махзанҳои об мебошад.
Чунончӣ, 21-уми июли соли равон дар дораи барномаи “Тобистони бехатар дар об” кормандони Сарраёсати ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд, наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе, духтурони бемористони КҲФ бо истифода аз мошини махсуси таблиғотӣ ва намоиш додани видеонаворҳо дар бораи рафтори бачаҳо ва наврасон дар назди махзанҳои об, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба “зарардидагон” дар Кӯли Ҷавонон, ҳавзҳои “Чорбоғ-1”, “Чорбоғ-2” воқеъ дар қаламрави шаҳри Душанбе аксия баргузор карданд.
Дар ҷараёни суҳбати кормандони КҲФ ва ВКД, наҷотдиҳандагон ва духтурони бемористони ҳарбӣ дар бораи қоидаҳои асосии рафтор дар об нақл карданд ва бори дигар аз бачаҳо хоҳиш намуданд бодиққат бошанд ва ҳангоми ҳузур дар назди махзанҳои об қоидаҳоро риоя кунанд.
Дар идомаи мулоқот имдодгарони Дастаи вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе барномаи ҷолибу дидании “Наҷоти ғарқшаванда”-ро намоиш доданд.
Ба бачаҳо амалан нишон доданд, ки шахси ғарқшударо бояд чӣ гуна наҷот дод ва чӣ гуна ёрии аввалинро расонд. Барои таъсирбахш гузаштани омӯзиш онҳо амалан шахсеро наҷот доданд, ки гӯё ғарқ мешуда.
Ҳамин гуна чорабиниҳо ва рейдҳо дар қаламрави дарёи “Душанбе”, “Канали калони Ҳисор миёни ноболиғону наврасон гузаронида шуд.
Дар ҷараёни суҳбату муколама бо наврасон ба онҳо дар бораи қоидаҳои оббозиву шиноварӣ ва дар куҷо метавонанд вориди об шаванд, дар куҷо вурудашон манъ, низ маълумот доданд. Ҳамеша таъкид мекарданд, ки бачаҳо ва наврасон бояд ҳамеша зери назорати калонсолон ба ин гуна ҷойҳо оянд.