Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз гармои шадид эҳтиёт кунед!

Даҳаи охири моҳи июн бо пайғоми оғози гармои шадид барои кишвар ба поён мерасад. Аз ин ба баъд сокинони кишвар бояд худро ба гармиҳои шадид омода созанд. Бахусус касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.

Сели харобкор дар Исфара. Маълумоти расмӣ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи харобиҳои расида аз сели рӯзи 26-уми июни соли равон ба ноҳияи Исфара хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ ин сел ба дунболи борони шадиди...

Раҳим Каримов: Ҳадафҳои асосии ҳизбҳои динӣ аз воқеият фарсахҳо дур аст

Устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Раҳим Каримов  ба ин назар аст, ки дар қатлу куштори бегуноҳон дар солҳои ҷанги дохилӣ ТТЭ ҲНИТ гунаҳкори асосӣ аст. Раҳим Каримов, ки ахиран дар як мулоқот бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекард, иброз дошт, ки экстремизм ва терроризм, ки баъзе гурӯҳу созмонҳо...

Ду мулоқот дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо подполковники милитсия Шоҳиён Алохӯҷа – сардори Хадамоти огоҳони пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор шуд.

Ҷасади духтари 19-соларо баъди 6 рӯз пайдо карданд

Ҷасади як сокини 19-солаи кӯчаи Борбади шаҳри Левакант, ки рӯзи 21-уми июни соли равон нопадид шуда буд, дирӯз дар мавзеъи Пикет -33 – и канали Сталин пайдо шуд.

Ҳамчуноне хабар дода будем, рӯзи 21-уми июни соли 2022 як духтари 19-сола, сокини кӯчаи Борбад, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левикант бо сабабҳои номаълум...

Страницы