Ҷасади духтари 19-соларо баъди 6 рӯз пайдо карданд

Ҷасади як сокини 19-солаи кӯчаи Борбади шаҳри Левакант, ки рӯзи 21-уми июни соли равон нопадид шуда буд, дирӯз дар мавзеъи Пикет -33 – и канали Сталин пайдо шуд.

Ҳамчуноне хабар дода будем, рӯзи 21-уми июни соли 2022 як духтари 19-сола, сокини кӯчаи Борбад, ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Левикант бо сабабҳои номаълум ашёҳои худ, аз ҷумла шиноснома, руймол ва пойафзолашро дар канали Сталин монда, худро ба оби канал сарозер кардааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда аз ҷониби ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ин рӯзҳо идома дошт, вале натиҷа надод.  

Билохира дирӯз дар ҷараёни ҳамин ҷустуҷӯҳо  афсари калони бахши Раёсати КҲФ дар шаҳри Леваканд хабар дод, ки дар канали Сталин, мавзеи Пикет-33 ҷасади  номаълуме болой об баромадааст. Баъди дарёфти маълумот, дастаи  махсуси зудамали  наҷоти  Раёсат  иборат аз 4 нафар ба ҷойи  ходиса  сафарбар  карда шуда, ҷасадро аз об бароварданд.

Маълум гардид, ки ин ҳамон духтари 19-сола аст, ки рӯзи 21-уми июн даст ба худкушӣ зада буд.

Сабаби ин амал маълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. 

барчасп: