Сели харобкор дар Исфара. Маълумоти расмӣ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар бораи харобиҳои расида аз сели рӯзи 26-уми июни соли равон ба ноҳияи Исфара хабар дод.

Бино ба гуфтаи манбаъ ин сел ба дунболи борони шадиди рӯзи 26-уми июн тахминан соати 17:30 дақиқа омад ва дар ҷамоати деҳоти Ворух, маҳаллаи Хушобод зарар расонд.

Комиссияи ташкилшуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара вазъро омӯхтаву таҳлил кард ва ба натиҷа расид, ки сел ба 51 хонаи истиқоматии сокинони маҳалла ворид шуда, 10 ишооти ёрирасон зарар дидаву як чорвои калон ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин ҳудуди 3 км роҳи дохили маҳалла корношоям шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки дар айни замон дар маҳаллаи Хушободи ҷамоат корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин офати табиӣ оғоз гардида, барои пурсамар гузаштани кор 3 адад автомашинаи тамғаи МАЗ, 2 адад КАМАЗ ва 2 экскаватор ҷудо карда шудааст.

барчасп: