Ду мулоқот дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе,  вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо подполковники милитсия Шоҳиён Алохӯҷа – сардори Хадамоти огоҳони пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ баргузор шуд.

Ҳамчунин бахшида ба  Рўзи Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Додихудо Шарипов – мушовири калони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он мулоқот кард ва ба суолҳои онҳо посух дод.