Устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Раҳим Каримов ба ин назар аст, ки дар қатлу куштори бегуноҳон дар солҳои ҷанги дохилӣ ТТЭ ҲНИТ гунаҳкори асосӣ аст. Раҳим Каримов, ки ахиран дар як мулоқот бо ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекард, иброз дошт, ки экстремизм ва терроризм, ки баъзе гурӯҳу созмонҳо аз номи ислом амалӣ мекунанд ва бо парчами ислом шиорпартоӣ мекунанд, дар асл харобкунандаву вайронсозандаи ақлу хирад ва ҷисми инсон аст.
Бо мақсади боло бурдани интизоми ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстӣ, бедор намудани ҳисси миллӣ, садоқат ба Ватан ва савганди ҳарбӣ, зиракии сиёсӣ, муқобила ба терроризим ва экстремизми динӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ аз назари ислом, бо иштироки намояндаи Донишкадаи исломии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Раҳим Каримов дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.
Номбурда ҳангоми баромади худ қайд кард, ки экстремизм ва терроризм, ки баъзе гурӯҳу созмонҳо аз номи ислом амалӣ мекунанд ва бо парчами ислом шиорпартоӣ мекунанд, дар асл харобкунандаву вайронсозандаи ақлу хирад ва ҷисми инсон аст ва даъват намуд: “Моро лозим аст, то ки ҳамеша дар мубориза зидди он омода бошем”.
Устоди Донишкдаи исломии Тоҷикистон илова намуд, ки мубориза бо ин зуҳуроти номатлубу нописанд ва харобкор бидуни роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ва таблиғи ҳамзистии осоиштаву ҳамсоядорӣ, таҳаммулгароии динӣ, муоколама бо ҷомеа номумкин аст.
"Идеологҳои экстремизм ва терроризм ғояҳои таҳаммулнопазириро ба вуҷуд меоранд, ба хориҷ кардани намояндагони динҳои дигар аз сарзаминҳое, ки дар он ҷо мусалмонон зиндагӣ мекунанд, даъват мекунанд ва бо мақомот мубориза эълон мекунанд", - гуфт ӯ.
Раҳҳим Каримов аз фаъолияти ҳизбҳои динӣ ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҳадафҳои асосии ҳизбҳои динӣ аз воқеият фарсахҳо дур мебошанд. Ҳамчун далели равшан фаъолияту рафтори ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ манзури ҳозирин намуд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон мардуми содаро фиреб дода, ба майдонҳо овард. Ӯ илова намуд, ки дар кушта шудани бештар аз 150000 мардуми осоиштаи кишвар дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ТТЭ ҲНИТ гунаҳкори асосӣ аст.
Солҳои 1992-1997 ин созмони террористию экстремистӣ найрангҳои худро ба кор бурда, мардуми тоҷикро, ки дар кишвари Афғонистон гуреза буданд, фиреб дода, кӯшиш мекард ба муқобили ҳукумати конститутсионӣ сафарбар намояд. Худи саркардаҳои ин ҳизб, ки Муҳиддин Кабирӣ низ яке аз онҳост, аз бадбахтии мардум истифода бурда, соҳиби молу мулки зиёде гардиданд. Дар асл, мақсади наҳзатиҳо ғасби ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар ва ҷамъоварии сарват буд.