Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷасади як духтари 12-сола, сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро пайдо ва ба волидонаш супурданд.
Ин ноболиғ рӯзи 20-уми июли соли равон аз беэҳтиётӣ дар канали деҳа афтода ғарқ шуда буд. Ғаввосони Раёсат баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва корҳои ҷустуҷӯиро ба роҳ монданд. Танҳо баъди як рӯз муяссар шуд, ки ҷасади духтар пайдо карда шавад.
**** **** ****
Рӯзи 21-уми июли соли равон тахминан соати 09:10 дақиқа як духтари 23-сола аз деҳаи Шаватки поёни ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо сабабҳои номаълум худро ба дарёи Зарафшон ҳаво дод. Баъди дарёфти хабар имдодгарони шуъбаи Раёсати КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷойи ҳоиса сафарбар шуданд. Он рӯз ҳама талошҳо барои пайдо кардани ҷасад натиҷа надоданд. Аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯ аз сар гирифта шуданд.
Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин духтари 23-сола маълум нестанд.
**** **** ****
21-уми июли соли 2022 соати тахминан 07:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории КҲФ аз як садамаи мудҳиш дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд хабар расид.
Дар хабар гуфта мешуд, ки як мошини сабурави тамғаи “Мерседес-Бенс” дар километри 126 роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд бо ронанда ва се мусофири он ба сабабҳои номаълум аз баландии 120 метр ба дарёи Фон сарозер шудааст.
Дар Қисми навбатдорӣ шоҳидони ҳодиса занг задаву кумак хостанд.
Дастаи наҷотдиҳандагони бахши Кумита дар гурӯҳи ноҳияҳои Зарафшон ба ҷои ҳодиса расиданд. То ба ин лаҳзаҳо ҷустуҷӯ натиҷа надодааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон ёдрас мекунад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд.