Баргузории ҷаласаи аввалини Шӯрои занони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 02/02/2017 | adminДар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои занон баргузор шуд, ки дар он намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Мадина Бобоева иштирок намуд.
Зимни суханронии худ мавсуф дар бораи ҷанбаҳои калидии Паёми Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақл кард.