Намояндагони Тоҷикистон ва Белорус дар наздиктарин фурсат барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар мавриди коҳиши хатари офатҳо бо ҳам мулоқот хоҳанд кард.
Ин мавзуъ баъди зуҳри имрӯз, 30-уми январ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни мулоқот Сарвари Кумита ба меҳмони олиқадр дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт нақл кард.
Ҷонибҳо дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар мавриди коҳиши хатари офатҳоро баррасӣ карданд, ҳамчунин ҳамкориҳои оянда дар омодасозӣ ва бозомӯзии кормандони Кумита, масоили беҳбуд бахшидан ба вазъи моддиву-техникии КҲФ-ро мавриди суҳбат қарор доданд.
Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки дар наздиктарин фурсат намояндагони тарафҳо ҷанбаҳои гуногуни имкониятҳои ҳамкориҳоро баррасӣ ва пешниҳодотро дар мавриди иқдомоти оянда пешниҳод намоянд.
Ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои дигари барои ду тараф ҳоизи аҳамият табодули афкор намуданд.