Баргузории ҷаласаи аввалини Шӯрои занони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои занон баргузор шуд, ки дар он намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Мадина Бобоева иштирок намуд.
Зимни суханронии худ мавсуф дар бораи ҷанбаҳои калидии Паёми Асосгузори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақл кард.
Вай зикр намуд, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз нақши занон дар рушду шукуфоии кишвар ҷойи муҳимро ишғол мекунад.
Дар Шӯрои занон вазифаи калон дар ташкили фазои мусоид дар коллектив, рушди сатҳи фарҳангии бонувони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тариқи иҷро намудани талаботҳои иҷтимоиву руҳонии онҳо гузошта шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа чорабиниҳои дар соли 2016 гузаронидашуда ва вазифаҳо дар соли 2017 баррасӣ шуданд.
Яке аз вазифаҳои асосӣ ширкати намояндагони шӯроҳои занон дар кори мураббигӣ ба ҷавонон, ҳамчунин ширкати кормандон ва хонаводаҳои онҳо дар озмунҳо ва дигар чорабиниҳо ба шумор меравад. Ҳамаи ин коллективро ба ҳам меорад ва ба ҳар кадоми онҳо имкон медиҳад, ки худро як ҷузъи ҳамин коллектив донанд.