ИФРОТГАРО НЕ, ИНСОНГАРО БОШЕМ!
Чоп шуд: 25/12/2018 | adminМаълум аст, ки экстремист дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ мебошад. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дин, сиёсат, идеология, илм ва, ҳатто, дар варзиш, ба миён ояд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ дар миқёси ҷаҳон барои мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд.