Заминларза дар Тоҷикистон

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  8 октябри соли 2024, соати 16:00 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 287 километри ҷанубу шарқ шаҳри Душанбе ва 30 километри шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд.

Бино ба иттилои манбаъа қувваи заминларза дар маркази он 3 балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: