Ҷалби сокинон ва техникаи махсус дар корҳои соҳилмустаҳкамкунии вилояти Суғд

Дар корҳои соҳилбандиву соҳилмустаҳкамкунии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зарфи ин чанд рӯзи охир бештар аз 50 адад техника ҷалб шудааст. Тозакунии соҳили рӯдхонаву каналҳо, обанборҳо ва кӯлу баҳрҳои қаламрави вилоят тибқи барномаҳои тарҳрезишудаи пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда сурат мегиранд.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷо бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ва аҳолии як қатор шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят дар минтақаҳои хатарноки обанборҳо, каналҳо ва рӯдхонаҳо корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ мегузаронанд. 

Чораҳои пешгирикунанда якҷо бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ бо истифода аз техникаи махсуси Раёсати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ҷалби аҳолии маҳалҳо роҳандозӣ шуданд.

Ба корҳои соҳилбандӣ ва дигар корҳои муҳандисиву ҳимоявӣ беш аз 50 адад техникаи махсус ва 270 нафар одамон ҷалб карда шуданд.

Корҳои таъмини фаъолияти бидуни садамавӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва сохтусози гидротехникии он, ҳамчунин тозакунии иншоотҳои обгузар гузаронида шуда, ҷӯйборҳо аз ҳар гуна хасу хаспораҳо ва ифлосиҳое, ки монеа эҷод мекунанд тоза карда шуданд.  

Кормандони Раёсати КҲФ дар миёни аҳолии шаҳракҳои Адрасмон ва деҳаи Гулдара оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда корҳои таблиғотӣ бурданд. 

Корҳои соҳилбандиву тозакунии ҷӯйборҳо, канарлҳо, соҳили дарёҳо дар вилояти Суғд идома доранд.

барчасп: