Таъкиди генерал Назарзода ба таҳкими зарфиятҳои кумакҳо ба ниёзмандон дар ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 03/12/2018 | adminГурӯҳи ҳамоҳангсоз ва арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар ҷаласаи худ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба шарикон барои кумакҳо дар роҳандозии корҳо оид ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи баҳори соли равон дар қаламрави мамлакат изҳори ташаккур ва сипос намуд. Вай бахусус ба нақши Ҳукумати кишвар дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид намуд.