Дар аввалин рӯзи ифтитоҳи давраҳои нави омӯзишии “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншоотҳои гидротехникӣ” муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М.Салимзода ба муҳим будани он барои кормандону мутахассисони Кумита таъкид намуд. Дар ин давраҳои омӯзишӣ кормандони Дастгоҳи марказии воҳидҳои сохтории Кумита, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмилалие, ки дар ин самт фаъолият мебарнад, ширкат доранд
Бо мақсади татбиқи Созишномаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартаарфсозии офатҳои табиии Федератсияи Русия ва Ташкилоти байналмилалии мудофиаи гражданӣ оид ба расонидани кумакҳои методӣ, ҳамчунин барои баланд бардоштани малакаҳо ва донишҳои кормандони Кумита аз 3 то 8 декабри соли 2018 дар маркази омӯзишӣ-методии КҲФ давраҳои омӯзишӣ дар мавзуъи “Чорабиниҳои эвакуатсионӣ дар минтақаҳои аз фалокат зери обмонда дар ҳолати рахнашавии иншоотҳои гидротехникӣ” оғоз гардид.
Дарсҳо аз ҷониби омӯзгори Академияи мудофиаи граждании ВҲФ Русия В.В.Симонов гузаронида мешаванд.
Ин давраҳои омӯзишӣ аз рӯи мавзуъҳои зерин мегузаранд: таснифи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ва оқибатҳои эҳтимолии ба вуҷуд омадани онҳо, сохторҳои ташкилии Системаи ягонаи давлатии огоҳсозӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, асосҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ, ташкили кӯчонидани аҳолӣ, арзишҳои моддиву фарҳангӣ ба ноҳияҳои бехатар, усулҳои хабар расонидан, иттилоъ додан, ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари обхезӣ ба вуҷуд омадааст, пешбинии ҳолат дар минтақаҳи зериобмонда ҳангоми рахна шудани иншоотҳои гидротехникӣ ва ғайра.
Дар ифтитоҳи рӯзи аввали омӯзишҳо муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М.Салимзода бо ташаккур аз омӯзгор ба муҳим будани давраи омӯзишӣ барои кормандону мутахассисони Кумита таъкид намуд.
Дар ин давраҳои омӯзишӣ кормандони Дастгоҳи марказии воҳидҳои сохтории Кумита, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмилалие, ки дар ин самт фаъолият мебарнад, ширкат доранд