“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” тасдиқ гардид
Чоп шуд: 28/12/2018 | adminҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз, 28 декабр баргузор шуд, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”-ро тасдиқ намуд. Стратегияи мазкур қадами дигарест дар таҳкими зарфиятҳои талошҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.