Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз, 28 декабр баргузор шуд, “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030”-ро тасдиқ намуд. Стратегияи мазкур қадами дигарест дар таҳкими зарфиятҳои талошҳо барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.
28 декабри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷараёни ин ҷаласа дар қатори масоили дигар “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” тасдиқ гардид.
Стратегияи мазкур дар доираи иҷрои тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ бар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” омода шуда буд.
Ҳадафи ин Стратегия коҳиши хатарҳои мавҷуда ва пешгирии офатҳои табиӣ бар пояи таҳкими зарфиятҳои миллии идораи хатари офатҳои табиӣ мебошад.
“Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030” бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҳия гардид ва бо дастгирии коршиносони байналмилалии СММ такмил дода шуд.