Таъкиди генерал Назарзода ба таҳкими зарфиятҳои кумакҳо ба ниёзмандон дар ҳолатҳои фавқулодда

 

Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва  арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) дар ҷаласаи худ фаъолияти яксолаи худро ҷамъбаст намуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба шарикон барои кумакҳо дар роҳандозии корҳо оид ба бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи баҳори соли равон дар қаламрави мамлакат изҳори ташаккур ва сипос намуд. Вай бахусус ба нақши Ҳукумати кишвар дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид намуд.

3 декабри соли 2018 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва  арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози доимии  СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори кишварии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Л.Калестини баргузор гардид. 

 Мавзуи асосии ҷаласа масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷомеаи байналмилалӣ буд.

Дар оғози ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шарикон аз РЕАКТ барои расонидани кумакҳо дар роҳандозии корҳои бартарфсозии ҳолатҳои фавқулоддае, ки баҳори соли равон дар қаламрави мамлакат ба вуҷуд омада буданд, изҳори ташаккур ва сипос намуд. Вай бахусус ба нақши Ҳукумати кишвар дар коҳиши хатари офатҳои табиӣ таъкид намуд. Ҳамчунин муҳим будани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин масъалаҳоро қайд кард.

Зимни суханронии худ дар назди ҳозирин Раиси Кумита аз ҷумла зикр кард, ки “ба ҳам овардани нерӯҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани ёриҳо ба эҳтиёҷмандон ин бояд шиори корҳо ва фаъолиятҳои муштараки мо бошад”.

Кормандони масъули КҲФ дар бораи офатҳои табиӣ дар кишвар дар давраи ҳисоботӣ, оид ба ҷараёни татбиқи Барномаи рушди КҲФ ва мудофиаи гражданӣ дар солҳои 2018-2022 ва оид ба кори гурӯҳҳои минтақавии РЕАКТ маълумот пешниҳод намуданд. 

Ғайр аз ин шарикони Гурӯҳи ҳамоҳангсоз ва  арзёбии фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда оид ба омодагиҳои байниидоравии РЕАКТ дар вокуниш ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулодда, омодагӣ ба вокуниши секторҳои тандурустӣ ва механизмҳои расонидани кумакҳои моддӣ ба аҳолии зарардида маълумот доданд.

Дар поёни ҷаласа ширкаткунандагон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дар соли 2019-ро муайян намуданд.