Наҷоти моҳигире, ки бо заврақ миёни об монда буд

Вақте гурӯҳи наҷот ба ҷойи ҳодиса расид, диданд, ки моҳигир дар миёни об болои заврақ хаставу нимҷон аст ва аз сардии ҳаво дигар маҷоле надорад, ки даст ба бели заврақ барад.Таҳлилҳои аввалия нишон медиҳанд, ки як сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои заврақронӣ дар обҳои сард дар фасли сармо буд.

Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон моҳигиреро аз хатари марги эҳтимолӣ наҷот доданд, ки дар заврақи худ миёни об дучори хатар шуда буд.

Сокини 53-солаи ноҳияи Хуросон моҳигирӣ рафт ва дар миёни ҳавз бо заврақи худ дармонд ва мустақилона натавонист аз об берун ояд. Дар бораи ин рӯйдоди нохуш хешовандони моҳигир ба Раёсати Кумита хабар доданд.

Вақте гурӯҳи наҷот ба ҷойи ҳодиса расид, диданд, ки моҳигир дар миёни об болои заврақ хаставу нимҷон аст ва аз сардии ҳаво дигар маҷоле надорад, ки даст ба бели заврақ барад.

Мардро аз об берун оварданд ва то ҷойи мошини Ёрии таъҷилӣ оварданд. Моҳигирро духтурон дар бемористон бистарӣ карданд.

Таҳлилҳои аввалия нишон медиҳанд, ки як сабаби ин ҳодиса риоя накардани қоидаҳои заврақронӣ дар обҳои сард дар фасли сармо буд.

Маврид ба ёодварист, ки аз аввали соли 2018 наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои гуногун бештар аз 150 нафарро аз хатари ҳалокат наҷот доданд.

барчасп: