Татбиқи «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» дар доираи Платформаи Миллӣ

Иҷрои ҳадафҳои ҷаҳонӣ ва афзалиятҳои Барномаи қолабии Сендай аз тариқи Платформаи Миллии кишвар оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ чӣ гуна татбиқ мешавад? Ширкаткунадагони ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллӣ атрофи ин ва чанд масъалаи дигар имрӯз дар толори меҳмонхонаи «СЕРЕНА» муҳокима намуданд.

21 декабри соли равон ҷаласаи гурӯҳи доимамалкунандаи коршиносони Платформаи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи семинари миллӣ доир ба пайгирии пешрафти амалисозии Барномаи қолабии Сендай дар Тоҷикистон баргузор гардид. 

Баргузории чорабинии мазкур вобаста ба татбиқи тавсияҳои Барномаи қолабии Сендай, ки бо резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 3 июни соли 2015 A/RES/69/283 қабул шудааст, бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист, дар якҷоягӣ ташкил карда шуд.

Ин ҷаласа таҳти раёсати сардори Сарраёсати Кумита-котиби масъули Платформаи Миллӣ, полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Дар ҷараёни ҷаласа талаботҳо ба ҳисоботдиҳии Барномаи қолабии Сендай ва татбиқи он дар доираи Платформаи Миллӣ, инчунин таҳияи зербарномаҳои марҳилавии Стратегияи миллӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳо, ҳамчунин намояндагони ташкилотњои байналмилалии шарик, ки дар давоми ду соли охир лоињањои хурдро дар доираи Барномаи «ДИПЕКО-10» дар сатҳи ҷамоатҳо амалӣ намудаанд, иштирок намуданд.

барчасп: