Марги ҷавони 21-сола, ки дар оби канал ғарқ шуда буд
Чоп шуд: 24/01/2019 | adminЯк шаҳрванди 21-солаи шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ дар канали Нерўгоҳи барқӣ - обии шаҳри Хоруғ сарозер шудаву дар оби сарди он ғарқ гардида, ҳаёти худро аз даст додааст.
Ин ҳодиса соати 22:55 дақиқаи рӯзи 23-январи соли ҷорӣ рух додааст. Шаҳрванд, ки аз ӯ Иқболшо Раҷаббеков ном бурда мешавад, аз беэҳтиётӣ дар оби канал ғарқ шудааст. Маҷрои оби сард ба ӯ имкон надодааст, ки ҷони худро наҷот диҳад.