Дар асоси фармоиши Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодда ба зарардидагони офати табиии деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, ки дар натиҷаи боридани борони шадиди рӯзи 18 майи соли 2024 5 манзили истиқомати пурра ва ду манзил қисман зарар дида буданд аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масолеҳи сохтмонӣ аз қабили семент, шағал, тахта, шифери пулодин, дару тиреза ва рангҳои гуногун дастрас гардиданд.
Дар муҳлатҳои кутоҳтарин сохтмони манзилҳои истиқоматӣ аз рӯи лоиҳа пурра анҷом ёфт.
24 сентябри соли 2024 бо иштироки муовини Сарвазири кишвар Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Латифзода Ҳотамшо Латиф, раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим маросими супоридани калидҳои хонаҳои нав ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида баргузор гардид.
Муовини Сарвазири кишвар Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, ба корҳои сохтмончиён баҳои баланд дод.
Биноҳои нави истиқоматӣ дар муддати қариб ду моҳ бунёд шуда , бо тамоми ашёи рӯзгор пурра таъмин мебошанд.
Мардум бо муҳаббат ва арзи эҳтиром ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Зеро маҳз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки ин кор сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расид.