Дар ИМА обшори машҳури Ниёгаро аз сардии ҳаво ях баст

Ҳавои сарду барфи шадид ва тӯфонҳои барфолуда сабаб шуданд, ки машҳуртарин дар олам обшор-обшорҳои Ниёгаро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ях банданд. Дар ин бора чанде пештар ширкати телевизионии  CNN хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки сабаби яхбандии шадиди обшор тӯфони барфӣ будааст, кик ахиран ба ин минтақа сарозер омадааст.

Дар хабар ҳамчунин омада, ки рӯзи сешанбе, 22 январ ҳарорати ҳаво 20 дараҷа сард шудааст ва тибқи гузориши обуҳавосанҷон  боди сарду ҳавои сард муддати ду ҳафтаи оянда боқӣ мемонад. 

Ҷаҳонгардоне, ки ахиран аз ин обшор дидан карданд, ба ҷойи фаввораи азиму зебо як манзараи яхиро наворбардорӣ карданд. Гуфта мешавад, ки ин манзара шабоҳате ба қасри Элза дар филми тасвирии “Қалби сард” дорад. 

Обшорҳои Ниёгаро  ба маҷмуъаи се обшор гуфта мешавад, ки дар марзи Амрико ва Канада ҷойгиранд.

барчасп: