Марги ҷавони 21-сола, ки дар оби канал ғарқ шуда буд

Як шаҳрванди 21-солаи шаҳри Хоруғ аз беэҳтиётӣ дар канали Нерўгоҳи  барқӣ - обии шаҳри Хоруғ  сарозер шудаву дар оби сарди он ғарқ гардида, ҳаёти худро аз даст додааст.

Ин ҳодиса соати 22:55 дақиқаи рӯзи 23-январи соли ҷорӣ рух додааст. Шаҳрванд, ки аз ӯ Иқболшо Раҷаббеков ном бурда мешавад, аз беэҳтиётӣ дар оби канал ғарқ шудааст. Маҷрои оби сард ба ӯ имкон надодааст, ки ҷони худро наҷот диҳад. 

Ба ҷойи ҳодиса гурўҳи якуми дастаи наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи гражданӣ дар ВМКБ расидааст. Соати  06:15 дақиқаи субҳ ҷасди шаҳрванд Иқбошо Раҷаббековро пайдо кардаанд ва ӯро барои ташхис ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳои сарду тармахез ва яхӣ эҳтиёт кунанд.

Рафтан ба лаби рӯдхонаҳои пуртуғёну каналҳо серҷараён маслиҳат нест. Ва агар зарурате пеш омаду рафтан лозим шуд, аввалан набояд танҳо рафт ва дуюм ҳама қоидаҳои бехатариро бояд риоя кунанд ва худро ба гирдоби рӯйдодҳои нохуш наандозанд.

Дар ин рӯзҳо рафтан барои сайди моҳиву корҳои дигар низ маслиҳат нест. Эҳтиёт гарави саломатист ва бояд коре кард, ки ҷони худро нигоҳ дошт ва пайвандонро дар ғаму кулфати ҷудоӣ наандохт.

барчасп: