Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рушон чӣ мегузарад?

Аз шуруъи барфҳои шадид дар кишвар ҳамарӯза дар бораи баста шудани роҳҳои вуруд ба ноҳияи Ишкошим аз Хоруғ хабар пахш мешуд. Инак, ҷузъиёти рӯйдодҳои чанд рӯзи охир:

Бар асари лағзиши тарма аз километри 39 сар карда, дар километрҳои 42-44 мавзеъи Ирғазор, километрҳои 46-48 мавзеъи Кӯҳи Лаъл - Сист, километри 51 мавзеъи Бичур ва километри 52 мавзеъи Колукени ҷамоати деҳоти А. Замиров, километрии 55 мавзеъи Вогз, километри 58 мавзеъи Шанбидеҳӣ ва километри 62- юми деҳаи Қозидеҳи ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим роҳҳо баста шуданд. Тарфтӯдаҳои азим пеши роҳи ҳаракати мошинҳоро гирифтанд ва ҳаёти мардуми ин минтақаро барои чанд рӯз ба мушкил рӯ ба рӯ сохтанд.   

Дар таърихи 20-уми январ барои поксозӣ ва боз кардани роҳи мазкур аз ноҳияи Шуғнон 1 адад боркунаки фронталӣ (МДНРА-и ноҳии Шуғнон) ва аз ноҳияи Роштқалъа 1 адад боркунак (МДНРА-и ноҳияи Роштқалъа) ва 1 адад боркунак аз муассисаи “Бадахшонроҳсоз” сафарбар карда шуданд ва тозакунии роҳҳо ҳамоно идома доранд. 

  Рўзи 22 январи соли равон то соати 18:00 дақиқа роҳи самти ноҳияи Ишкошим аз  километри 39 то километри 45-ум аз тарма тоза карда шуд ва дар айни замон корҳои поксозии роҳ аз тарма дар километри 46-уми ҷодаи мазкур идома дорад. 

        Роҳи самти Рушон водии Бартанг бошад аз километри 21-то 27 мавзеи Патруд бар асари лағзиши тарма баста шуд. Дар айни замон ба ин мавзеъ як адад булдозери ДТ-75 ва 1 адад булдозери Т-180 сафарбар карда шудааст. Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ ҳоло роҳи мазкур аз километрҳои 25-26- уми деҳаи Хиҷез аз тарма тоза карда шудааст. 

    Рўзи 22.01.2019 то соати 18:00 дақиқа дар километрҳои 27, 28 ва 29 роҳи автомобилгарди Рушон-Бартанг ба пуррагӣ  аз барфтӯдаҳо тоза карда шуд ва равуои нақлиёт оғоз гардид.

барчасп: