Шоҳроҳҳои азими кишвар аз тарма пок шуданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар айни замон ба ҷуз роҳи Хоруғ-Ишкошим боқӣ ҳама роҳҳои кишвар бозанд. Вале хатари лағзиши тарма ва санг дар роҳҳои кӯҳӣ бартараф нашудааст. Ронандагонро лозим меояд тибқи тавсияҳои хадамоти дахлдор сафар кунанд ва ҳангоми сафар ҳама қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва ҷони худ ва ҷони ҳавсафарони худро ба хатар наяндозанд. Ҳамчунин хонаводаҳои худро нигарон насозанд.

Вазъи роҳҳо дар имрӯз, 23-январи соли 2018

 Душанбе-Хуҷанд

боз аст

Душанбе-Кӯлоб

боз аст

Кулоб Қалъаи Хумб

боз аст

Қалъаи Хумб Ванҷ

боз аст

Ванҷ – Рушон

боз аст

Рушон – Хоруғ

боз аст

Рушон – Бартанг

боз аст

Хоруғ – Ишкошим

баста

Хоруғ – Мурғоб

боз аст

Мурғоб – Қулма

боз аст

Мурғоб – Қизил Арт

боз аст

Душанбе Рашт

боз аст

Рашт Лахш

боз аст

Лахш Қарамиқ

боз аст

Ағбаи Анзоб

боз аст

Ағбаи Шаҳристон

боз аст

 

барчасп: