Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда
Чоп шуд: 03/06/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони мамлакат мерасонад, ки шабонарӯзи наздик бар асари боронҳои пуршиддат дар навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд омадани селҳо пешбинӣ мешавад.