Оғози мавсими оббозӣ дар кишвар. Тавсияҳои КҲФ дар чанд бахш. БАХШИ АВВАЛ

Аз 1 июн дар саросари кишвар расман мавсими оббозӣ оғоз шуд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон пайваста таъкид мекунанд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Бино ба омори ахир аз аввали сол дар обҳои кишвар 52 нафар ғарқ шудаанд, ки тахминан ниме аз онҳо бачаҳои синну соли томактабиву мактабианд.

Савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳории КҲФ дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ

5 июни соли 2024 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ наваскарони даъвати баҳории қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами ҳарбӣ ёд карданд.

Дар ин рӯз 125 нафар наваскарони се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳидии пайвандону дӯстонашон, ҳамчунин собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ савганди садоқат ба Ватан ёд карданд.

Аз ҳаводиси рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар кишвар бодҳои шадид ва омадани селҳо сабт шуданд. Ин ҳодисаҳо хушбахтона, талафоти ҷонӣ надоштанд.

Чунончӣ, 4 июни соли 2024 соати 18:46 дақиқа шамоли сахт сабаби ба замин уфтодани як дарахт дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, бинои 273 шуд. Барои бартараф кардани паёмадҳои ин ҳодиса наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи

Мулоқот дар Раёсати КҲФ воқеъ дар шаҳри Душанбе

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  бо намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷамирзода Муслихиддин вохӯрӣ баргузор гардид.

Вохӯрӣ дар доираи татбиқи “Соли маорифи ҳуқуқӣ”...

Ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ. Маълумоти расмӣ

Тибқи маълумоти пешакӣ, дар натиҷаи офатҳои табиии рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии кишвар 24 бинои истиқоматӣ осеб дидааст, ки аз ин 15 хона пурра ва 9 манзили истиқоматӣ  кисман зарар диданд.

Илова бар ин, тибқи маълумоти пешакӣ, биноҳои шаш муассисаи таҳсилоти миёна ва томактабӣ, 260 километр роҳ, 27 пул, 15,2 километр хати интиқоли қувваи барқ, 0,8 километр

Страницы