Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Ховалинг
Чоп шуд: 30/08/2022 | redaktorДар асоси иҷрои банди 4, зербанди 10 –и Нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 аз 24 то 27 августи соли 2022 дар ноҳияи Ховалинг санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда» гузаронида шуд.