Бозии варзишии “Футболи хурд”, ки 8 августи соли 2022 бахшида ба рӯзи таъсисёбии Хадамоти мудофиаи гражданӣ ва Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита оғоз гардида буд, рӯзи 22-уми август ба анҷом расид.
Дар чорабинии мазкур 8 даста ширкат варзиданд, ки аз байни онҳо 3 даста ғолибони мусобиқа дониста шуданд.
Ҷойи 1-ум насиби дастаи “Қисми ҳарбии 45045”-и Кумита шуд.
Дастаи “Марказ”-и Дастгоҳи марказӣ соҳиби ҷойи дуюм шуд.
Ва ҷойи сеюм ба дастаи “қисми ҳарбии 45005”-и Кумита расид.
М.Аҳмадзода, Сардори Раёсати кадрҳо ва
кор бо ҳайати шахсии Кумита, полковник