Оғози машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои соли 2022  рӯзи 24 август дар шаҳри Панҷакент  санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи “Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода” оғоз гардид. Ин чорабинӣ қарор аст то рӯзи 26-ум идома кунад.

Дар оғози ин машқҳо  дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент, раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр Абдухолиқ Холиқзода,  сардори сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , полковник Хуршед Вализода,  муовини сардори раёсати  Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, подполковник Ғолиб Шарифзода, дигар кормандони масъули раёсати вилоятии Кумита, сардорони хадамоти мудофиаи граждании шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, комиссия ва хадамоти мудофиаи граждании шаҳр  ҷаласа доир шуда, дар он нақшаи  баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ ва амалии ин чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси шаҳр дар оғози ҷаласа  моҳият ва зарурати баргузории ин машқро ба ҳозирин шарҳ дода, таҷрибаи бартараф намудани оқибатҳои офати табииро, ки соли гузашта дар деҳаи Киштӯдаки Ҷамоати деҳоти Ёрӣ боиси хисороти ҷонӣ ва молии зиёд гашта буд, ёдрас намуд ва аз онҳое, ки ба ин машқҳо сафарбар  шудаанд,  иштироки фаъолона  ва риояи  ҳамаи қоидаҳои мавриди назарро талаб кард.

Машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳр дар се марҳила гузаронида шуда то  26 август идома меёбад.

барчасп: