Фурӯ рафтани як пул дар Ҳинд сабаби ҳалокати 141 нафар шуд (ВИДЕО)
Чоп шуд: 31/10/2022 | redaktorБар асари фурӯ рафтани пул дар иёлати Гуҷарот воқеъ дар ғарби Ҳинд ҳаддиақал 141 нафар ба ҳалокат расиданд. Аммо мақомот мегӯянд теъдоди фавтидагон метавонад афзоиш ёбад. Ин пул чанд рӯз баъд аз як таъмири тӯлонӣ фурӯ рехт.
Мақомоти интизомии Ҳинд субҳи имрӯз, душанбе шумори ҳалокшудагонро 141 нафар эълон карданд.