Сели харобкор дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 5 симчӯби интиқоли барқро ба замин зад

симчӯби интиқоли барқр

Тибқи маълумоти бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин тахминан соати 23:10 дақиқаи рӯзи 25-уми октябри соли равон, дар ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи мазкур дар натиҷаи бориши шадиди борон сел омад ва  5 адад симчуби қувваи барқро чаппа кард.

Ҳамчунин дар километри 224-225-уми шоҳроҳи Шамсиддин Шоҳин-Хоруғ сангреза ва дар километри 234-237-уми роҳи мазкур ярч муваққатан роҳро баст.

Муддате пас бо талоши ҳукумати маҳал роҳ аз селоварду ярч пок шуд ва ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир гардид. Ҳоло роҳ боз аст. Аммо корҳои бартарафсозии пурраи паёмадҳои ин офати табиӣ бо истифода аз техникаи муҳандисии хадамоти роҳи минтақа идома доранд.

ҲУШДОРИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА АЗ ҲАВОИ БОРОНИИ ДУ РӮЗИ ОЯНДА

Ёдовар мешавем, ки Идораи ҳавошиносии кишвар барои рӯзҳои 26-27-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон рӯзҳои борониро пешбинӣ карда буд. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолӣ тавсия дода буд, ки дар чунин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд ва аз рафтан ба саҳрову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум, дорувор худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин тавсия дода мешуд, ки аз сабаби боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо рафтан ба моҳидорӣ ва ба сабаби эҳтимоли раъду барқ рафтан ба шикоргоҳ ҷиҳати шикор низ маслиҳат нест.

барчасп: