Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-27-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои навоҳии шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боронҳои шадид меборанд, дар баъзе навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ раъду барқ низ ба вуқуъ хоҳад пайваст.
26-27 октябри соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд (ш. Панҷекат) вилояти Хатлон (ноҳияи Шамсиддин Шоҳин), ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ (Рашт, Сангвор), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ омадани сел эҳтимол дорад. Ғайр аз ин 26-уми октябр бар асари боронҳои пуршиддат эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, зиёд аст.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз рафтан ба шикоргоҳ, ғунучини ҳезуму алаф, моҳидорӣ, чорвочаронӣ ва ё сафарҳои сайёҳӣ худдорӣ намоянд.
Рондадгон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтиёт кунанд ва суръати ҳаракатро боло набаранд.
Кумита ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад барои пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии селҳо сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо пок созанд.