Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ, иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти Зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва иншоотҳои иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи 27-уми котябри соли равон машқи мукаммали зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар мавзўъи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе» оғоз гардид, ки қарор аст то 29-уми октябр идома кунад.
Дар марҳилаи аввали машқи мазкур рўзи аввал соати 06:00 дақиқаи субҳ ҳайати роҳбарикунандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягона ва иншоотҳои иқтисодии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо элони бонги ҷамъшавӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомот гирди ҳам омаданд ва вазифаҳои онҳо дар рафти тамринҳо муайян карда шуданд.
Дар ҷараёни тамринҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи гражданӣ ва идораи ҳолатҳои фавқулодда, Низоми ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, қувваю воситаҳо ба сел, ярч, заминларза ва эвакуатсияи аҳолии маҳаллаҳои воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур санҷида мешавад.
Дар тамринҳо сатҳи омодагии аҳолӣ ба муҳофизат аз сел, ярч, заминҷунбӣ кор карда баромада, омодагии неруву воситаҳои мақомоти ноҳия дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ мешавад.