Боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта низ дар баъзе манотиқи кишвар хавфу хатарҳое ба дунбол доштанд. Дар баъзе минтақаҳо борон сабабгори омадани сел шуд, ва хушбахтона ин селҳо ба сокинон зарар нарасонданд. Дар баъзе манотиқи кӯҳӣ сел сабаби резиши санг шуд.
Чунончӣ, соати 16:49 дақиқаи вақти маҳаллии рӯзи 27-уми октябри соли равон дар қаламрави деҳаи Шоши ҷамоати деҳоти Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ резиши санг ба қайд гирифта шуд. Бар асари ин ҳодиса манзили истиқоматии яке аз сокинон зарар дид. Талафоти ҷонӣ нест, касе захм набардоштааст.
Дар айни замон аз ҷониби Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба диққати шаҳрвандони мерасонад, ки рӯзҳои борониву сардӣ идома доранд ва дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва чораҳои амнияту бехатариро риоя намоянд.
Ҳамоно рафтан ба ғунучини ҳезум, шикор ва моҳидорӣ маслиҳат нест.
Ронандагон бояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар чунин рӯзҳои боронӣ, ки хатарҳои резиши санг вуҷуд доранд, қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, ҳаргиз суръатро боло набаранд ва масофаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати ба вуҷуд омадаи ин ё он ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 112, 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 барои кумак муроҷиат намоянд.