Ҳалокати наврас ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар Мингдона
Чоп шуд: 02/11/2022 | redaktorЯк сокини 17-солаи деҳаи Мингдонаи ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷекати вилояти Суғд ҳангоми ҷамъоварии ҳезум ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса рӯзи якуми ноябр тахминан соати 18:40 дақиқа рух додааст ва гуфта мешавад, ки ин писарбача ҳангоми ҷамъоварии ҳезум қоидаҳои бехатариро риоя накардааст ва пояш лағжидаву ба дарёи Зарафшон сарозер шудааст.